Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Пойгоҳи амрикоӣ дар "Манас" расман баста шуд


ИМА рӯзи сешанбе, 3 июн, як моҳ пеш аз мӯҳлати муқарраршуда, пойгоҳи интиқоли молу коло дар фурудгоҳи “Манас”-и Қирғизистонро баст.

Дар як маросими расмӣ ба ин муносибат “калиди рамзи”-и пойгоҳ ба намояндагони давлати Қирғизистон супурда шуд. Полковник Ҷон Миллард дар ин маросим гуфт, ки тайи беш аз 12 соли фаъолияти пойгоҳ тақрибан 5,5 миллион низомиёни амрикоӣ тавассути “Манас” ба Афғонистон интиқол ёфтанд.

Аз ин пеш сафири ИМА дар Бишкек Памела Спратлен гуфта буд, интизор меравад, ки ҳама кормандони пойгоҳ ҳамин ҳафта кишварро тарк намоянд.

ИМА пойгоҳ дар фурудгоҳи "Манас"-и канори Бишкекро аз моҳи декабри соли 2001 ба ин сӯ ба хотири пуштибонии амалиёти низомӣ алайҳи “Ал-Қоида” ва “Толибон” дар Афғонистон истифода мекард.
XS
SM
MD
LG