Пайвандҳои дастрасӣ

Обама: ИМА аз шарикони аврупоияш ҳимоят хоҳад кард


Обама дар Варшава

Обама дар Варшава

Барак Обама, раисиҷумҳури ИМА изҳор намуд, ки Вошингтон ба ӯҳдадориҳояш дар мавриди таъмини амнияти кишварҳои ҳампаймон содиқ аст. Ӯ рӯзи сешанбе, 3 июн, дар як суханронӣ баъд аз вуруд ба Варшава гуфт, ки пуштибонӣ аз Лаҳистон ва дигар кишварҳои Аврупои Марказӣ ва Шарқӣ аз авлавиятҳо барои амнияти худи Амрико ҳам маҳсуб мешавад.

Барак Обама афзуд, ки бӯҳрон дар Украина ба зарурати тақвияти ҳузури низомии Амрико дар Лаҳистон далолат мекунад.

Қарор аст, ки сарвари Амрико дар ҷараёни сафараш ба Аврупо аз Белгия ва Фаронса ҳам дидан кунад.

Обама рӯзи сешанбе дар Варшава бо раисиҷумҳури Лаҳистон Бронислав Коморовский ва нахуствазири кишвар Доналд Туск музокирот мекунад. Шоми сешанбе мулоқоти ӯ бо раисиҷумҳури тозаинтихоби Украина Петр Порошенко тарҳрезӣ шудааст.

Қарор аст, ки Обама рӯзи чаҳоршанбе дар мулоқоти сарони кишварҳои Аврупои Шарқӣ ба шарафи 25-солагии нахустин интихоботи демократӣ дар Лаҳистон ширкат кунад. Миёни ширкаткунандагони нишаст Петр Порошенко ҳам хоҳад буд.
XS
SM
MD
LG