Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Оливер Стоун дар бораи Сноуден филм мебардорад


Оливер Стоун

Оливер Стоун

Таҳиягари маъруф Оливер Стоун мехоҳад дар бораи корманди собиқи Оҷонси амнияти миллии ИМА Эдвард Сноуден, ки аз Амрико фирор карда, алҳол дар Русия ба сар мебарад, филм навор бардорад. Филм дар пояи китоби хабарнигори нашрияи бритониёвии Гардиан Люк Ҳардинг таҳия хоҳад шуд.

Оливер Стоун, ки барои таҳияи филмҳояш ду бор ба дарёфти ҷоизаи “Оскар” муваффақ шудааст, саргузашти Сноуденро аз ҷолибтарин ҳаводиси солҳои ахир мехонад.

Дар гузашта баъзе филмҳои Стоун барои ташреҳи ғайримуқаррарии ҳаводиси таърихӣ вокунишҳои гуногунро ба думбол доштанд.

Эдвард Сноуден баъд аз рабудани асноди сиррӣ оиди ҷамъоварии иттилоъ аз сӯи хадамоти кашфи Амрико ва дар ихтиёри расонаҳо гузоштани ин аснод ба Ҳонконг фирор кард ва баъдан муқими Русия шуд. Дар ин кишвар ба ӯ паноҳгоҳи муваққат додаанд. ИМА талаб дорад, ки Сноуден ба кишвар баргашта барои рабудани иттилооти маҳрамона мавриди муҳокимаи додгоҳ қарор гирад.

Қарор аст, ки навори филми нави Оливер Стоун охирҳои соли равон шурӯъ шавад. Муаллифон аз посух ба суоле, ки оё худи Сноуден дар ин филм аз ҳаққе бархурдор хоҳад буд, сарпечӣ кардаанд.
XS
SM
MD
LG