Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Боздошти додраси додгоҳи Ваҳдат барои гирифтани пора


Оҷонсии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Тоҷикистон алайҳи додраси додгоҳи ноҳияи Ваҳдат бо ҷурми «гирифтани пора» парванда боз намудааст. Дафтари матбуоти Оҷонсии зидди коррупсия имрӯз 3 июн бо тасдиқи ин хабар гуфт, ки бар асоси шикояти сокинони ноҳияи Ваҳдат, додраси додгоҳи ин ноҳия Мирмаҳмад Одинаев бо гирифтани пора дар ҳаҷми 4 ҳазор доллар боздошт шудааст. Тавре Оҷонсии зидди корупсия мегӯяд, додрас Одинаев аз сокини ин ноҳия Умар Саидов барои ҳалли масъалаи додгоҳии ӯ дар ибтидо се ҳазор доллар талаб намуда, онро соҳиб мешавад ва сипас боз як ҳазор доллари дигар талаб мекунад. Бар асоси аризаи Умар Саидов, додраси додгоҳи Ваҳдат ҳангоми гирифтани пора аз тарафи кормандони Оҷонсии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия боздошт мешавад. Оҷонсии зидди корупсия алайҳи додраси додгоҳи ноҳияи Ваҳдат Мирмаҳмад Одинаев бо моддаи 319 қисми 2 яъне «талабнамудан ва аз худ кардани пора дар ҳаҷми махсусан калон» парванда боз карда, тафтишотро идома медиҳад.
XS
SM
MD
LG