Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Таҳдиди Толибон ба даври дуввуми интихобот


Толибони Афғонистон таҳдид кардаанд, ки даври дуввуми интихоботи раёсати ҷумҳурии Афғонистонро ҳадаф қарор хоҳанд дод ва ба мардум ҳушдор додаанд, ки дар райдиҳӣ ширкат накунанд.

Даври дуввуми интихобот 14 июн баргузор мешавад ва дар он Абдуллоҳ Абдуллоҳ-вазири пешини корҳои хориҷа ва Ашрафғанӣ Аҳмадзай-вазири пешини молӣ ширкат хоҳанд ҷуст.

Толибон дар даври аввал низ таҳдид карда буданд, ки райдиҳиро ба ҳам мезананд. Вале ҳамлаҳои ҷиддӣ сурат нагирифт.

Ҳар номзаде, ки дар ин интихобот пируз мешавад, Афғонистони ҷангзадаро мерос хоҳад гирифт ва он ҳам дар шароите, ки нируҳои байналмиллалӣ то поёни соли ҷорӣ Афғонистонро тарк мекунанд.
XS
SM
MD
LG