Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Мавзуна Чориева ва Меҳроҷиддин Каримов, муштзанҳои тоҷик, дар мусобиқаи байналмилалии бокс ба хотираи устодони варзиши СССР ба ҳарифҳои худ ғолиб омада ҳарду ҳам соҳиби медали тилло шуданд.

Мавзуна Чориева, муштзани машҳури тоҷик, дар мусобиқаи байналмилалии бокс ба хотираи устодони варзиши СССР бародарон Абдувалӣ ва Нурғозӣ Арзиевҳо дар Қирғизистон медали тилло ба даст овард.

Мавзуна Чориева дар сабқати занон дар вазни то 60 килограмм бар ҳамаи рақибонаш ғолиб омада, мақоми аввалро касб кард.

Инчунин дар ин мусобиқа муштзани тоҷик Меҳроҷиддин Каримов, ки бо номи «Гулливери тоҷик» маъруф аст, дар сабқати мардон дар вазни беш аз 91 килограмм бо медали тилло сарфароз гашт. Меҳроҷиддин Каримов.

Меҳроҷиддин Каримов.

Ин мусобиқаи 5-уми байналмилалӣ аз 28-уми май то 1-уми июн дар шаҳри Ӯш баргузор шуд. Дар ин мусобиқа варзишгарони Қирғизистон, Русия, Тоҷикистон ва Узбакистон ширкат доштанд.

Мардон дар 10 вазн ва занон дар 3 вазн рақобат карданд.


Ғолибони мусобиқа:
Байни мардон:
Мирлан Туркпай уулу, 49 кг (Қирғизистон);
Мирлан Мӯсоев - 52 кг (Қирғизистон );
Алманбет Алибоев – 56 кг (Қирғизистон );
Мунарбек Сейитбек уулу – 60 кг (Қирғизистон);
Алексей Клинтов – 64 кг (Русия);
Бакит Жигиталиев – 69 кг (Қирғизистон);
Илёс Акматалиев - 75кг (Қирғизистон);
Олжобай Кудайбердӣ уулу - 81 кг (Қирғизистон);
Талгат Турдуевдер - 91 кг (Қирғизистон);
Меҳроҷиддин Каримов + 91кг (Тоҷикистон).

Байни занон:
Уляна Кашкарова - 51 кг (Русия);
Катарина Роттар - 54 кг (Русия);
Мавзуна Чориева - 60 кг (Тоҷикистон).

Машваратдодашуда

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG