Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Боздиди чаҳоррӯзаи Обама аз Аврупо оғоз мешавад


Барак Обама

Барак Обама

Барак Обама-раиси ҷумҳури Амрико 2 июн боздиди чаҳоррӯза аз Полшаву Белгия ва Фаронсаро оғоз мекунад. Ин боздид дар ҳоле анҷом мегирад, ки даргириҳо миёни нируҳои амниятии Украина ва ҷудоихоҳони ҳаводори Русия дар шарқи Украина идома дорад.

Вай дар Варшава бо Петро Порошенко-раиси ҷумҳури мунтахаби Украина мулоқот анҷом медиҳад. Обама ҳамчунин бо раҳбарони кишварҳои Ҷӣ 7 ё 7 кишвари пешрафтаи санъатии ҷаҳон мулоқот хоҳад кард. Гурӯҳи Ҷӣ 7 масъалаи раҳоии Аврупо аз пойбандии гази Русия ва имкони ташидди таҳримҳои баъдӣ бар зидди Русияро баррасӣ мекунад.

Сипас Обама ба Фаронса меравад ва дар он ҷо дар маросими 70 солагии Ди Дей ширкат меҷӯяд. Интизор меравад, ки дар ин маросим Владимир Путин-раиси ҷумҳури Русия низ ба раҳбарони Аврупо бипайвандад.

Кохи Сафеди Амрико мегӯяд, ки Обама бо Путин мулоқоти расмии дуҷониба нахоҳад дошт, бо вуҷуди он ки миёни ин ду раҳбар баъзе тамосҳо имкон дорад.
XS
SM
MD
LG