Пайвандҳои дастрасӣ

Баҳси чарогоҳҳо миёни Тоҷикистону Қирғизистон


Ҷумъабой Сангинов, муовини аввали раиси вилояти Суғд, рӯзи 2-уми май дар як сӯҳбати кӯтоҳ бо Радиои Озодӣ гуфт, ки гурӯҳи кории Тоҷикистону Қирғизистон дар ҳақиқат дар мавриди истифодаи чарогоҳҳо ба мувофиқа расидаанд, аммо нархи иҷораи чарогоҳҳо дар миён гузошта нашудааст. Оқои Сангинов гуфт: «Ҳудуди чарогоҳҳо дар гирду атрофи Ворух чанд даҳсола боз аз ҷониби Қирғизистон истифода мешавад. Аммо хатти сарҳад дар ин мавзеъ муайян нашудааст. Барои идомаи истифодаи мутақобила аз ҳудудҳои мувофиқанашуда, аз ҷумла чарогоҳҳо дар як машварати корӣ ба мувофиқа расиданд. Инҷо танҳо масъалаи истифодаи мутақобилаи тарафҳо аз чарогоҳҳо аст. Замоне ки хатти марз пура муайян шуд, баъдан дигар паҳлуи масъала, аз ҷумла иҷорагирӣ, метавонад пайгирӣ шавад.»

Расонаҳои Қирғизистон рӯзи 2-уми июн аз қавли Қурбонбой Искандаров, намояндаи махсуси ҳукумати Қирғизистон дар маъалаи марзӣ навиштанд, ки дар вохӯрии ахири ҷонибҳо дар Бодканд масъалаи нархи иҷораи чарогоҳҳо ба миён гузошта шудааст. «Дар вилояти Бодканд музокираи тарафҳо барои идомаи истифодаи чарогоҳҳо доир шуд. Тоҷикистон мехоҳад чарогоҳҳоро ба муддати 1 сол ба иҷора бигирад. Ҷониби Қирғизистон барои ҳар ҳектор замини чарогоҳ 15 доллар хост, вале Тоҷикистон 12 доллар пешниҳод кард,» - гуфтааст Қурбонбой Искандаров.

Аммо ба гуфтаи Ҷумъабой Сангинов, баҳси масъалаи ба иҷора гирифтану ба иҷора додан дар сатҳи вазоратҳои кишоварзии ҳарду давлат идома дорад. Ҷаноби Сангинов гуфт, идораҳои масъули ҳар ду давлат танҳо тавофуқ кардаанд, ки истифодаи воқеии чарогоҳҳоро то муайян шудани хатти марз ва ба мувофиқа расидани шартномаи ҳарду ҷониб барои истифодаи чарогоҳҳо идома медиҳанд. Баҳсҳои миёни сокинони наздимарзии Тоҷикистону Қирғизистон сари истифодаи замнҳо гоҳ-гоҳ ба муноқиша мепечанд.
XS
SM
MD
LG