Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Раисиҷумҳури Тоҷикистон Пётр Порошенкоро табрик гуфт


Эмомалӣ Раҳмон, раиси ҷумҳури Тоҷикистон бо ирсоли барқитяи шодбошӣ, президенти тоза интихоби Украина Пётр Порошенкоро табрик гуфтааст. Хабаргузории расмии «Ховар» рӯзи душанбе, 2-юми июн аз ирсоли барқияи шодбошӣ ба Пётр Порошенко, хабар дода ва матни ин номаро низ нашр кардааст. Дар матни номаи табрикии раиси ҷумиҳури Тоҷикистон аз ҷумла омадааст: "Пирӯзии Шумо дар интихоботи барпошуда нафақат аз барномаи Шуморо ҷиҳати ба эътидол овардани вазъияти кишвар ва рушди минбаъдаи иҷтимоию иқтисодӣ дастгирӣ намудани халқи Украина, балки аз хоҳиши самимонаи интихобкунандагон барои зистан дар вазъияти сулҳу субот ва шукуфоӣ низ шаҳодат медиҳад.» Дар номаи табрикӣ раиси ҷумҳури Тоҷикистон ҳумчунин хоҳони идомаи муносибати дӯстона бо кишвари Украина шудааст.
XS
SM
MD
LG