Пайвандҳои дастрасӣ

Навори нави видеоӣ дар бораи тақаллуб дар интихоботи 2009


Як навори видеоӣ пайдо шудааст ва дар он Муҳаммад Алӣ Ҷаъфарӣ-фармондеҳи Горди Инқилоби Исломии Эрон мегӯяд, ки гӯё дар интихоботи раёсати ҷумҳурии соли 2009 номзади ислоҳотталабон пируз шудааст.

Воқеӣ будани ин навор, ки дар сафҳаи Facebook-и Муҳаммад Нуризод-норозии сисёсии Эрон 1 июн ба нашр расидааст, то ҳол таъйид нашудааст.

Нуризод мегӯяд, ин гувоҳи видеоӣ собит месозад, ки натиҷаҳои интихобот ба нафъи Маҳмуди Аҳмадинеҷод-раиси ҷумҳури вақт тақаллуб шуда буд. Вай он вақт барои даври дуввум раёсаташ номзад пешбарӣ шуда буд.

Дар навор Ҷаъфарӣ ба унвони мақоми баландпояи Горди Инқилоб мегӯяд, ки он вақт пирузии ислоҳотталабон ғайриқобили қабул буд. Баъд аз ин интихобот садҳо ҳазор нафар дар Теҳрон ба эътироз баромаданд ва мегуфтанд, ки райи онҳоро дуздидаанд. Садҳо нафар кушта шуданд ва ҳазорон нафар ба зиндон рафтанд.
XS
SM
MD
LG