Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Р. Қодиров дар бораи барқарории "назм" сӯҳбат кард


Рамзан Қодиров

Рамзан Қодиров

Рамзан Қодиров-раҳбари Чеченистон гуфт, 74 ҳазор нафар чеченҳо омодаанд ба Украина раванд ва дар он ҷо назмро барқарор кунанд. Вай ин суханонро рӯзи шанбе аз шабакаи телевизионии РЕН ТВ дар барномаи "Неделя" изҳор дошт.

Вай гуфт, ки то ҳол ҳеҷ кас аз чеченҳо ба Украина нарафтааст, вале шумораи довталабон хеле зиёд аст, вале онҳо фақат дастурро мунтазиранд.

Дар мусоҳибае дигаре бо барномаи "Вести в субботу" аз шабакаи телевизионии Русия Рамзан Қодиров гуфт, ки ҳоло ба ҳисоби вай, дар вилояти Донетск 14 нафар чеченҳо қарор доранд ва як нафари онҳо кушта шудааст, 4 нафар захм бардоштаанд. Вале Қодиров нагуфт, ки онҳо дар амалиёти ҷангӣ ширкат доранд ё хайр.
XS
SM
MD
LG