Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Зарбулаҷали пардохти қарзи газ тамдид шуд


Алекесей Миллер
Алекесей Миллер
Баъд аз он ки Киев бахше аз қарзҳои худро барои газ ба Русия пардохт кард, ширкати “Газпром” то 9 июн тартиби пешпардохти интиқоли газ ба Украинаро мавқуф гузошт.

Алексей Миллер-раиси ширкати “Газпром” дар ин бора 2 июн изҳороте пахш кард. Ин эъломия дар ҳоле пахш шуд, ки як рӯз пеш вазорати энержии Русия гуфт, ки аз 5,2 миллиард доллар қарз Киев ба Маскав 786 миллион долларашро пардохт кардааст.

Миллер гуфт, ”мо аз оғози пардохти қарзҳо истиқбол мекунем ва тартиби пешпардохтро то 9 июн мавқуф мегузорем”. Пардохти қарз ишора бар он аст, ки даври нави музокирот дар бораи тарзи пардохти қарз ба эътибори худ боқӣ мемонад ва интизор меравад, ки 2 июн дар Бруссел баргузор шавад.

Гюнтер Оттенгер-кумиссари Иттиҳодия Аврупо дар умури энержӣ гуфт, вай умедвор аст, ки як навъ якдигарфаҳмӣ ба даст хоҳад омад.
XS
SM
MD
LG