Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Интиқоли 20 сарбоз ба Хоруғ


Як гурӯҳи 20 нафараи сарбозони Вазорати дифоъ ба қисми ҳарбии зудамал дар шаҳри Хоруғ интиқол шудааст. Як манбаи наздик ба вазорати дифои Тоҷикистон, ба шарти набурдани номаш рӯзи 2-юми июн бо тасдиқи ин хабар гуфт, ки ин гурӯҳи 20 нафараи сарбозони қисми ҳарбии «08010» Вазорати дифоъ субҳи субҳи шанбе, 31-уми май бо чархбол ба Хоруғ интиқол дода шуданд. Вай гуфт, ин сарбозон дар таълимгоҳи ҳарбии «08010»-и Вазорати дифоъ дар бахши зудамал таълим мегирифтанд ва пас аз анҷоми давраи 6-моҳа ба Хоруғ интиқол дода шудаанд. Вазорати дифои Тоҷикистон мегӯяд, ин сарбозон идомаи хизмати худро дар Хоруғ мегузаронанд. Ҳамсуҳбати мо мегӯяд, ки дар назар аст дар ҳамин ҳафта ба қисмҳои ҳарбии Вазорати дифоъ дар Бадахшон сарбозони иловагӣ интиқол дода шавад.
XS
SM
MD
LG