Пайвандҳои дастрасӣ

Раҳбари Абхозистон аз мақомаш истеъфо дод


Александр Анкваб, дар амал раиси ҷумҳури Абхозистон, як минтақаи ҷудоихоҳи Гурҷистон эълон кард, ки аз мақомаш истеъфо медиҳад. Ӯ рӯзи 1-уми июн бо нашри баёнияе гуфт, ки барои ҳифзи амният дар Абхозистон аз мақомаш меравад. Порлумони Абхозистон рӯзи 31-уми май эълон кард, ки Александр Анкваб дигар қодир ба иҷрои вазифаҳояш нест ва рӯзи 24-уми август интихоботи зудрас таъйин кард. Валерий Бганба, раиси порлумон низ раиси ҷумҳури муваққат эълон шуд. Александр Анкваб гуфт, ки ин қарори порлумон ғайриқонунӣ аст. Баъди тазоҳурот ва ишғоли порлумон аз тарафи мухолифони давлат дар рӯзи 27-уми май, Александр Анкваб дар як пойгоҳи низомии Русия паноҳ бурд. Ӯ аз соли 2001 раҳбари Абхозистон буд, ки ин минтақа худро мустақил эълон кардааст, вале ба истиснои Русия ва чанд кишвари дигар онро касе ба расмият намешиносад.
XS
SM
MD
LG