Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Моҳи май дар Ироқ 800 нафар кушта шудаанд


Созмони Милал гуфт, танҳо дар моҳи май дар ҳамлаву ҳунрезиҳо дар Ироқ тақрибан 800 нафар кушта шудаанд, ки назар ба моҳҳои гузаштаи соли равон зиёд аст. Аз миёни ин афрод, 196 нафар маъмурони амниятӣ ва пулис ва бақия мардуми осоишта будаанд. Омори мазкурро дафтари Созмони Милал дар Ироқ рӯзи якуми июн нашр кард. Аммо ба ин омор теъдоди қурбониён дар вилояти Анбор шомил нашудааст, ки бахше аз шаҳри Рамодӣ ва Фалуҷҷа дар онро моҳи декабр тундравони исломӣ ишғол карданд. Николай Младинов, раиси дафтари Созмони Милал дар Ироқ рӯзи якуми июн бо нашри баёнияе аз сиёсатмадорони ин кишвар даъват кард, ҳарчӣ зудтар ҳукумати фарогире таъсис бидиҳанд.
XS
SM
MD
LG