Пайвандҳои дастрасӣ

Чак Ҳагел ба Афғонистон сафар кард


Чак Ҳагел, вазири дифоъи Амрико гуфт, умедвор аст, раҳоии ягона сарбози амрикоӣ дар ивази 5 намояндагони Толибон ҷаҳише дар музокироти сулҳ дар Афғонистон ба вуҷуд биёрад. Пештар аз ин мақомоти Амрико гуфтанд, дар бадали Бов Бергдал, ки панҷ сол дар асорати Толибон буд, панҷ бандии Толибро аз Гуантанамо раҳо карда ва ба ихтиёри Қатар месупоранд. Ба гуфтаи Чак Ҳагел, кишвараш муддати тӯлонӣ барои раҳоии Бергдал саъй мекард. Ӯ афзуд, ки озодии сарбози асир баъди он муяссар шуд, ки дар музокирот “даричаи қобили қабуле барои мо боз гашт.” Чак Ҳагел рӯзи якуми июн ва як рӯз баъд аз он ба Афғонистон ворид шуд, ки Бов Бергдалро аз асорати Толибон раҳо карданд. Барак Обама, раиси ҷумҳури Амрико гуфт, Қатар ба онҳо замонат додааст, ки Толибони раҳошуда барои амнияти миллии Иёлоти Муттаҳида хатар эҷод намекунанд.
XS
SM
MD
LG