Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Украина аз Русия хост, Порошенкоро ба расмият бишиносад


Давлати Украина гуфт, Русия бояд қабл аз музокироти сеҷониба дар бораи қимату қарзи газ Петро Порошенко, раиси ҷумҳури тозаинтихоби Украинаро ба расмият бишиносад. Қарор аст рӯзи 2-уми июн намояндагони Украина, Русия ва Иттиҳодияи Аврупо дар бораи пардохти ҳаққи гази воридотии Русия гуфтугӯ кунанд. Андрий Дечитса, вазири муваққатии умури хориҷии Украина, рӯзи 31-уми май гуфт, ки Русия ҳамин ҳоло бояд пирӯзии Порошенко дар интихоботро эътироф кунад. Владимир Путин, раиси ҷумҳури Русия қавл дода буд, ки ба раъйи мардум дар интихоботи Украина эҳтиром мегузорад, аммо ба гуфтаи Андрий Дечится, Русия маъракаи густурдаеро ба роҳ андохтааст, то қудратҳои ҷаҳониро мойил кунад, ки пирӯзии Петро Порошенко дар интихоботро напазиранд. Баъди ғалабаи Порошенко ҷудоихоҳони тарафдори Русия ҷанг дар манотиқи шарқии Украинаро шиддат бахшиданд. Рӯзи 31-уми май, нерӯҳои Украина гуфтанд, ки ду ҳамлаи ҷудоихоҳон ба фурудгоҳи Донетскро бидуни талафот рафъ кардаанд. Айни замон Созмони Амният ва Ҳамкории Аврупо рӯзи 31-уми май гуфт, ки дар бораи сарнавишти ду гурӯҳи нозиронаш, ки ҳафтаи гузашата ба дасти ҷудоихоҳони Русия афтодаанд, хабаре надорад.
XS
SM
MD
LG