Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дар амалиёти Покистон афғонҳо ҳам кушта шуданд


Нерӯҳои Покистон дар ҷанг бо ситезаҷӯён дар марзи Афғонистон дар ин тарафи марз чаҳор ғайринизомии афғонро ҳам куштаанд. Абдулҳабиб Саидхел, сардори раёсати пулуи вилояти Кунар, гуфт, ки чанд мушаки партобкардаи чархболҳои Покистон ба рустое дар ноҳияи Дангами Афғонистон бархӯрдааст. Ба гуфтаи ӯ, танҳо дар рӯзи 31-уми май 100 мушак дар вилояти Кунар фуруд омад. Нерӯҳои Покистон гурӯҳе аз тундравонро ҳадаф гирифтаанд, ки онҳо дар субҳи ҳамин рӯз бо ҳамла ба як посгоҳи артиши Покистон як сарбозро куштанд ва ду тани дигарашонро захмӣ карданд. Ба гуфтаи мақомоти покистонӣ дар ин амалиёт то кунун 14 тундрав кушта шудаанд. Мақомоти Афғонистон мегӯянд, садҳо мушак дар қаламрави кишвари онҳо фуруд омадааст.
XS
SM
MD
LG