Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Натиҷаҳои арзёбии нерӯгоҳи Роғун нашр мешавад


Қарор аст, моҳи оянда натиҷаҳои пешакии арзёбиҳои байналмилалии тарҳи бунёди нерӯгоҳи Роғун нашр шавад, ки ҳукумати Тоҷикитон онро масъалаи “ҳаёту мамоти” кишвар хондааст. Дар ин бора Сароҷ Кумар Ҷа, мудири минтақавии Бонки Ҷаҳонӣ барои кишварҳои Осиёи Марказӣ дар мулоқот бо Эмомалӣ Раҳмон, раиси ҷумҳури Тоҷикистон хабар додааст. Дафтари матбуоти раиси ҷумҳур рӯзи 30-уми май бо нашри баёнияи катбӣ гуфт, Сароҷ Кумар Ҷа "иттилоъ дод, ки лоиҳаи арзёбии иқтисодӣ ва иҷтимоию экологии лоиҳаи сохтмони нерӯгоҳи Роғун моҳи июн нашр карда мешавад ва моҳи июл бо намояндагони кишварҳои соҳили рӯди Ому мавриди баррасӣ қарор мегирад." Дар хабар омадааст, ки арзёбии ниҳоӣ пас аз омӯзиши афкори мардуми минтақа моҳи август имсол тасдиқ мешавад. Давлати Узбакистон мегӯяд, ки дар сурати бунёди нерӯгоҳи барқи обии Роғун дар саргаҳи рӯди Вахш, маҷрои об ба кишварҳои поёноби Осиёи Марказӣ кам мешавад ва киштзорҳои васеъи онҳо беоб мемонанд. Вале давлати Тоҷикистон мегӯяд, ки ин иддао асосе надорад.
XS
SM
MD
LG