Пайвандҳои дастрасӣ

Алишер Гулов, варзишгари тоҷик, дар мусобиқаи XXI қаҳрамонии Осиё дар риштаи таеквондо (WTF) дар Тошканд медали биринҷӣ ба даст овард.

Дар ин бора ба Радиои Озодӣ Ҷаҳонзеб Қармишев, муовини раиси Федератсияи таеквондо ВТФ-и Тоҷикистон, рӯзи 31-уми май хабар дод. Вай афзуд:

«Дар ин мусобиқа, ки дар маҷмааи варзишии «Узбекистон»-и Тошканд аз 25-ум то 28-уми май баргузор шуд, 542 варзишгар аз 34 кишвари Осиё ширкат карданд. Ба ҳайати мунтахаби Тоҷикистон таҳти раҳбарии Исматулло Хоҷаев, дабири кулли Федератсияи таеквондо ВТФ-и Тоҷикистон, ду мураббӣ – Ҷон Ҷонг Фи ва ман, инчунин Вафоназар Алиназаров, довари дараҷаи байналмилалӣ ва 10 варзишгар (6 марду чор зан) дохил буданд. Танҳо ба як варзишгари мо – Алишер Гулов – муяссар шуд, ки ба Ватан бо медал баргардад. Вай дар рақобатҳо дар вазни беш аз 87 килограмм мақоми севумро касб карда, бо медали биринҷӣ мукофотонида шуд. Варзишгарони дигари тоҷик – Ҷамшед Носиров (54 кг), Аҳмад Одилбеков (68 кг) ва Фарҳод Неъматов (80 кг) дар сабқати мардон ҷойҳои чорумро гирифтанд. Инчунин дар сабқати занон ду варзишгари мо – Фарзона Раҷабова (53 кг) ва Моҳрух Ҳалимова (+73 кг) ҷойҳои чорумро соҳиб шуданд.»

Дар ҳисоби умумидастаӣ Тоҷикистон дар ҷойи 9-ум қарор гирифт. Мунтахаби Эрон ҷойи аввал, мунтахаби Кореяи Ҷанубӣ ҷойи дувум ва мунтахаби Узбакистон ҷойи севумро азони худ карданд.

Бояд гуфт, ки дар мусобиқаи XXI қаҳрамонии Осиё оид ба таэквондо (WTF) варзишгарон, инчунин, барои имтиёзҳои рейтингӣ ҷиҳати дарёфти роҳхатҳо ба Бозиҳои тобистонаи олимпӣ, ки соли 2016 дар Рио-де-Жанейрои Бразилия баргузор мешаванд, мубориза бурданд.

Шарҳи ҳол
Алишер Гулов 24-уми августи соли 1989 дар ноҳияи Рӯдакии Тоҷикистон таваллуд шудааст. Вай узви дастаи мунтахаби таэквондо (WTF)-и Тоҷикистон аст ва аз соли 2009 таҳти роҳбарии мутахассиси куриёӣ Ҷон Ҷонг Фи ва мураббии тоҷик Ҷаҳонзеб Қармишев тамрин мекунад. Ӯ барандаи медали нуқраи мусобиқаи қаҳрамонии Осиё (Алмаато, 2010), ғолиби мусобиқаи кушодаи қаҳрамонии Узбакистон (Тошканд, 2008), соҳиби медали нуқраи мусобиқаи қаҳрамонии Осиёи Марказӣ (Тошканд, 2006), барандаи ҷоизаи биринҷии мусобиқаи байналмилалии “Ҷоми Фаҷр” (Теҳрон, 2009), соҳиби нишони нуқраи мусобиқаи интихобии қораи Осиё (Тайланд, 2011) ва роҳхат ба Олимпиадаи Лондон-2012 , қаҳрамони бисёркаратаи Тоҷикистон аст.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG