Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Чак Ҳагел: "Чин Осиёро ноамн мекунад"


Чак Ҳагел, вазири дифои Иёлоти Муттаҳидаи Амрико гуфт, даъвои Чин бар сари ҷазирақаламравҳо дар Баҳри Чини Ҷанубӣ ин минтақаро ноам ва барои низоми байналмилалӣ хатар эҷод мекунад. Чак Ҳагел рӯзи 31-уми май зимни суханронӣ дар як нишасти амниятӣ дар Сингапур гуфт, вақте Чин бо “таҳдид” ва “амалкардҳои якҷониба” ҳаракат дар қаламравҳои обиро маҳдуд мекунад, ва ба муқаррроти байналмилалмилал беътиноӣ мекунад, Амрико наметавонад, инро нодида бигирад
"Чин Баҳри Чини Ҷанубиро, баҳри сулҳу дӯстӣ ва рафоқату ҳамкорӣ хондааст ва бояд ҳамингуна бошад. Аммо дар моҳҳои гузашта Чин бо даъво бар сари қаламрав дар Баҳри Чини Ҷанубӣ амалкардҳои якҷониба ва ноамкунанда анҷом дод." Вазири дифои Амрико ҳамчунин Чинро ба ҷосусӣ дар шабакаҳои мухобиротӣ ва Интернет дар кишвараш муттаҳам кард. Дар вокуниш ба баёнияи Чак Ҳагел, Ванг Гуанжонг, муовини сардори ситоди нерӯҳои мусаллаҳи Чин гуфт, ки нутқи вазири дифои Амрико "пур аз таҳрик барои ноамнӣ дар Осиё буд." Баёнияҳои Чак Ҳагел дар ҳузури ҳамкорону дипломатҳо ва фармондеҳони артиши кишварҳои дигар ду ҳафта баъд аз он садо дод, ки Иёлоти Муттаҳидаи Амрико 5 афсари чиниро ба ҷосусӣ дар шабакаҳои компютерии ширкатҳои амрикоӣ ва дуздидани асрори тиҷоратии онҳо муттаҳам кард.
XS
SM
MD
LG