Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҷумъаи сербориш дар Тошканд. ВИДЕО


Тошканд
Тошканд

Боришоти зиёди рӯзи 30 май дар Тошканд боиси мутаваққиф шудани кори метро ва масдудшавии роҳҳо шуд.

Субҳи 30-юми май дар шаҳр ва вилояти Тошканди Узбакистон борони сахт боиси зиёд шудани об дар кӯчаҳо гардид. Тавре бахши узбакии радиои Озодӣ иттилоъ дод, дар як муддати кӯтоҳ чанд истгоҳи метрои шаҳри Тошканд пур аз об шуда ба рафтуои мардум мушкил эҷод кард. Дар кӯчаҳои шаҳри Тошканд, ки 4 миллион аҳолӣ дорад, тамбашавии мошинҳо низ зиёд шудааст. Вазорати ҳолатҳои изтирории Узбакистон хабар медиҳад, ки дар роҳу кӯчаҳо зиёд шудани сел ба аҳолӣ душворӣ овард. Шамоли сахт ва ҳавои номусоид дар Тошканд субҳи имрӯз боиси боридани боронҳои беист шудааст. Дар вилояти Ҷиззах ҳам аз субҳи ҷумъа чунин боду ҳаво ба қайд гирифта шудааст. Вазорати ҳолатҳои изтирории Узбакистон аз паёмадҳои нохуши ҳавои номусоид ҳушдор медиҳад.

XS
SM
MD
LG