Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Боз як гурӯҳи нозирони САҲА дар Украина бедарак шуд


Созмони Амнияту Ҳамкории Аврупо 30 май гуфт, як гурӯҳи чаҳорнафарии нозирони байналмиллалӣ ва як ҳамкори украинии онҳоро афроди мусаллаҳ дар шимоли шаҳри Северодонетск дар 100 километрии шимоли Луҳанск нигоҳ доштаанд.

САҲА мегӯяд, ки шоми 29 май бо ин гурӯҳ иртибот қатъ шудааст. Ин дар ҳолест, ки пештар низ як гурӯҳи нозирони САҲА дар шарқи Украина бедарак шуда буд ва то ҳол аз онҳо хабаре дар даст нест. Гурӯҳи аввал шоми 26 май бедарак шуда буд.
XS
SM
MD
LG