Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Мулоқоти Қоҳир Расулзода бо Ҷоомарт Оторбоев


Имрӯз, 30-юми май сарвазири Тоҷикистон Қоҳир Расулзода бо сарвазири Қирғизистон Ҷоомарт Оторбоев дидору гуфтугӯ намудааст. Тавре аз дафтари матбуоти ҳукумати Қирғизистон хабар доданд, дар вохӯрӣ, ки имрӯз дар Шӯрои сарони кишварҳои ИДМ дар шаҳри Минск баргузор шуд, ҷонибҳо зикр кардаанд, муносибати Тоҷикистону Қирғизистон аз соли 2013 инҷониб беш аз пеш дар ҳамаи самтҳо хуб шудааст. «Миёни Қирғизистону Тоҷикистон ҳоло ихтилофи сиёсӣ нест. Кори Кумиссюни байниҳукуматӣ оид ба муайян ва аломатгузории марзҳо хуб рафта истодааст», гуфтааст сарвазири Қирғизистон ва аз ҳамтои тоҷикаш барои расидагӣ ба масъалаҳои наздимарзӣ изҳори сипос намудааст. Дар вохӯрии сарвазирон қайд шудааст, ки ҳамкориҳои байниҳукуматӣ ва муколама миёни ҳарду кишвар, хусусан миёни сокинони наздимарзӣ боз ҳам хуб ба роҳ монда шавад. Ҳамчуин баргузор кардани ҷаласаи байниҳукуматиро барои ҳалли масъалаҳои байнидавлатӣ зарур донистаанд.
XS
SM
MD
LG