Пайвандҳои дастрасӣ

Уҳдадориҳои кумиссиюни расидагӣ ба рӯйдодҳои Хоруғ


Аъзои ҷомеаи шаҳрвандӣ, ки ба узвияти комиссиюни муштараки расидагӣ ба ҳодисаҳои 21 майи Хоруғ даромадаанд, ӯҳдадор шудаанд, ки бо хабарнигорон сӯҳбат накунандд ва то анҷоми расидагӣ аз ифшои ҷузъиёти ҷараёни расидагӣ худдорӣ варзанд. Дар бораи чунин уҳдадориҳо аъзои кумиссиюн қарордоде имзо кардаанд. Ононе, ки ин муқарраротро риоят намекунанд, аз узвияти кумиссиюн хориҷ хоҳанд шуд.

Дар тирандозии 21 май дар Хоруғ ва тазоҳуроти баъдӣ 4 нафар кушта, шаш тани дигар ҷароҳат бардоштанд. Тибқи хабари дафтари раиси вилояти Бадахшон, Шералӣ Хайруллоев-ёвари раиси ҷумҳур дар умури амниятӣ дар Хоруғ ба сар мебарад.
XS
SM
MD
LG