Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Боронҳои давомдор ва омодагӣ барои кӯмак дар маҳалҳо


Кумитаҳои ҳолатҳои фавқулоддаи Тоҷикистон ба сабаби боришҳои пайопаи серуза ҳамаи ситодҳои худ дар навоҳию шаҳракҳоро ба ҳолати омодабош даровардааст.

Ориф Нозимов-сухангуи Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда имрӯз ба радиои Озодӣ гуфт, ки боронҳои давомдор аз шаби гузашта оғоз шуда то ҳол идома дорад ва то кунун ҳеҷ зараре ба хоҷагиҳо нарсонидааст ва барои ҷилавгирӣ аз офатҳо дар саросари кишвар дар сурати зарурӣ барои кӯмак ба аҳолӣ ситодҳо дар ҳоли омодабош қарор доранд.

Идораи ҳавошиносии Тоҷикистон гузориш додааст, ки ин боришҳо се рӯзидигар, яъне то 1 июн давом мекунад.
XS
SM
MD
LG