Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Раҳбари кони тиллои Кумтори Қирғизистон боздошт шуд


Дилгер Ҷапаров
Дилгер Ҷапаров
30 май додгоҳи Бишкек тасмим хоҳад гирифт, ки Дилгер Ҷапаров-раҳбари ширкати давлатии истихроҷи тилло дар боздоштгоҳи муваққатӣ хоҳад монд ё хайр. Вай барои фасоди молӣ муттаҳам дониста мешавад.

28 май вайро боздошт карданд ва гуфта мешавад, ки гӯё вай ғайриқонунӣ 200 миллион доллар пулҳои ширкатро ба ҳисоби бонкии ширкати конодоии Centerra Gold интиқол додааст.

Centerra Gold соҳиби кони тиллои Кумтори Қирғизистон аст. Ин кон шимоли ин кишвар воқеъ аст ва тавассути ширкати Кони Тиллои Кумтор фаъолияти худро анҷом медиҳад.

Ҷапаров мегӯяд, пулҳое, ки вай моҳи декабр ба Centerra Gold интиқол додааст, дивидендҳое мебошанд, ки аз саҳмияҳои худ дар ширкати тиллои Кумтор ба даст омадааст. Мақомоти Қирғизистон мегӯянд, ки қабл аз интиқоли пулҳо бояд ҳукумат ба ин кор ризоят медод.
XS
SM
MD
LG