Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Дар Испания 6 тундрави эҳтимолӣ боздошт шуданд


Пулиси Испания 6 нафар тундравҳои исломиро боздошт кард, ки эҳтимолан машғули сафарбар кардани ҷангандаҳо ва пайвастани онҳо ба “созмонҳои террористӣ” дар Либия ва Малӣ будаанд.

Вазири корҳои дохилаи Испания гуфт, ин тундравҳо дар ҷараёни як амалиёти нируҳои амниятӣ боздошт шудаанд, ки субҳи рӯзи 30 май анҷом гирифааст. Бино ба гуфтаи ин манбаъ, дар миёни боздоштшудагон ононе низ будаанд, ки баъд аз машқҳо дар урдугоҳҳои Ал Қоида ба Испания баргаштаанд.

Ҳукумати Испания изҳори нигаронӣ кардааст, ки ҷангандаҳои исломӣ аз Сурия ва кишварҳои дигари даргири ҷанг зери нуфуз ва ташвиқи Ал Қоида метавонанд ба Испания баргарданд ва ба амният таҳдид кунанд.
XS
SM
MD
LG