Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Ковал мегӯяд, Донетск аз шӯришиён пок шудааст


Михайло Ковал

Михайло Ковал

Михайло Ковал-кафили вазири дифои Украина мегӯяд, нируҳои ҳукуматӣ шарқи кишварро аз шӯришиёни ҳавохоҳи Русия “комилан пок” кардаанд ва амалиёти таҳоҷумии худро то замони барқарории сулҳу субот идома хоҳанд дод.

Ковал ин суханонро 30 май дар Киев ба хабарнигорон изҳор дошт. Ин дар ҳолест, ки як рӯз пеш ҷудоихоҳон як чархболро суқут доданд ва дар ин ҳодиса 14 нафар сарбоз, аз ҷумла як генерали артиш ба ҳалокат расиданд.

Ковал гуфт, “нируҳои мусаллаҳи мо вазифаи худро иҷро карданд ва минтақаҳои шарқ ва ҷануби Донетск ва қисмати шимолии Луҳанскро аз ҷудоихоҳон пок кардаанд. Вазифаи мо овардани сулҳ ва низом дар минтақа аст”.
XS
SM
MD
LG