Пайвандҳои дастрасӣ

Акмалиддин Каримов, паҳлавони тоҷик, дар мусобиқаи XIV байналмилалӣ оид ба самбо дар Владивостоки Русия, ки давраи Ҷоми ҷаҳонӣ маҳсуб мешавад, соҳиби медали биринҷӣ гардид.

Акмалиддин Каримов дар рақобатҳо дар вазни то 57 кг мақоми севумро касб кард. Дар ин вазн Баҳодур Боқиев аз Русия ғолиб шуд. Ганхуаг Мунх Бат (Русия) ҷойи дувумро гирифт. Ба ҷуз Акмалиддин Каримов, Багила Денис (Русия) мақоми севумро соҳиб шуд.

Дар ин мусобиқаи байналмилалӣ ба хотираи Юрий Потапов, нахустин раиси Федератсияи самбо ва дзюдои Приморе ва муовини раиси Федератсияи самбои Русия, ки рӯзҳои 25-26-уми май дар Владивосток баргузор шуд, беш аз 140 варзишгар аз 16 кишвар: Русия, Олмон, Литва, Булғористон, Молдова, Арманистон, Беларус, Қазоқистон, Тоҷикистон, Узбакистон, Қирғизистон, Молдова, Муғулистон, Чин, Тайланд ва Куриёи Ҷанубӣ ширкат доштанд.

Натоиҷи мусобиқаи XIV байналмилалӣ оид ба самбо дараҷаи «А» «Ёдбуди Юрий Потапов»
Мардон
52 кг
1. Ондар Артур (кишвари Красноярск)
2. Мелников Александр (кишвари Приморе)
3. Шаалуу Эрденэ Батар (Муғулистон)
3. Чебикин Константин (кишвари Приморе)
57 кг
1. Боқиев Баҳодур (Русия)
2. Ганхуаг Мунх Бат (Русия)
3. Каримов Акмалиддин (Тоҷикистон)
3. Багила Денис (Русия)
62 кг
1. Ялишев Сергей (Санкт-Петербург)
2. Аткунов Аймерген (вилояти Свердловск)
3. Матайс Александр (кишвари Красноярск)
3. Березовский Владимир (вилояти Самара)
68 кг
1. Сухомлинов Евгений (Русия)
2. Бортников Сергей (Русия)
3. Микулский Вадим (Беларус)
3. Владимиров Евгений (Русия)

74 кг
1. Писаренко Алексей (кишвари Приморе)
2. Давидов Денис (вилояти Маскав)
3. Данко Александр (кишвари Приморе)
3. Шилакин Виктор (кишвари Хабаровск)

82 кг
1. Шевсов Андрей (Русия)
2. Башкиров Юрий (Русия)
3. Сапаров Бектош (Узбакистон)
3. Асилбек Уулу Ҷамалбек (Қирғизистон)
90 кг
1. Лондарев Владимир (кишвари Хабаровск)
2. Аксенов Анатолий (кишвари Хабаровск)
3. Матукас Радвилас (Литва)
3. Пашук Василий (кишвари Приморе)
100 кг
1 Спасенников Олег (Русия)
2. Ефремов Александр (Русия)
3. Берн Бахман (Олмон)
3. Шелег Владимир (Русия
+100 кг
1. Иванов Алексей (кишвари Приморе)
2. Усов Алексей ( кишвари Приморе)
3. Мӯсоев Давлатмурод (вилояти Амур)
3. Чой Чеон (Кореяи Ҷанубӣ)

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG