Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Путин: "Мо бозори васеи иқтисодӣ ба вуҷуд меорем"


Остона, 29 май, баъд аз имзои қарордод
Остона, 29 май, баъд аз имзои қарордод
Дар Остона-пойтахти Қазоқистон раисони ҷумҳури Русияву Беларус ва Қазоқистон Владимир Путин, Александр Лукашенко ва Нурсултон Назарбоев дар бораи ташкили Иттиҳодияи Иқтисодии АвруОсиё қарордод имзо карданд. Дар ин иттиҳодия Русия нақши раҳбариро дорад. Путин дар маросими имзо гуфт:

“Мо якҷо маркази қаввӣ ва ҷаззоби рушди иқтисодӣ ба вуҷуд меорем ва он бозори васеи минтақае бо бештар аз 170 миллион нафар аҳолӣ хоҳад буд”.

Ин қарордод аз 1 январи соли 2015 эътибор пайдо мекунад ва байни ин кишварҳо муқаррароти ягонаи гумрукӣ ҷорӣ мешавад, яъне ин се кишвар қаламрави ягонаи гумрукӣ дониста хоҳанд шуд.

Мунаққидон мегӯянд, ки Маскав талош дорад Иттиҳоди Шӯравиро дар шакле барқарор созад, вале Путин ин гуфтаҳоро рад мекунад. Дар поёни рӯзи 29 май руасои ҷамоҳири Арманистон ва Қирғизистон низ ба се раиси ҷумҳур ҳамроҳ шуданд. Ин ду кишвар низ ҳавохоҳи узвият дар ин иттиҳодия ҳастанд.

Сипас Путин ва Алмазбек Атамбаев-раиси ҷумҳури Қирғизистон Харитаи роҳи пайвастани Қирғизистон ба Иттиҳодияи гумрукиро имзо карданд, ки қадаме ба сӯи узвияти Қирғизистон дар Иттиҳоди яи иқтисодии АвруОсиё мебошад.

Путин ва Назарбоев низ бо ҳам алоҳида мулоқот карданд ва дар бораи сохтмони нахустин ниругоҳи ҳастаӣ дар Қазоқистон як Ёддошти тафоҳум ба имзо расонданд.
XS
SM
MD
LG