Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дар суқути чархбол 14 нафар ба қатл расидаанд


Олександр Турчинов-кафили раёсати ҷумҳурии Украина мегӯяд, ҷудоихоҳони ҳаводори Русия як чархболро дар наздикии Славянск суқут додаанд ва дар ин ҳодиса 14 сарбоз кушта шудаанд, ки як генерал низ дар миёни онҳо будааст.

Чархболро дар ҳоле заданд, ки 29 май дар беруни ин шаҳр тирнадозиҳои шадид ҷараён доштааст. Ҳафтаҳои охир нируҳои давлатӣ бар зидди ҷудоихоҳон дар ин шаҳр амалиёт анҷом медиҳанд.

29 май ҷудоихоҳон гуфтанд, ки онҳо 4 нафар нозирони Созмони Амнияту Ҳамкории Аврупо (САҲА)-ро дар ин шаҳр нигоҳ медоранд. Онҳо аввали ин ҳафта бедарак шуда буданд. Вячеслав Пономарёв-шаҳрдори худхондаи Славянск гуфт, ки вазъи нозирон “хеле хуб” аст ва онҳо ба зудӣ раҳо хоҳанд шуд.

Пётр Порошенко-раиси ҷумҳури мунтахаби Украина эълон кард, ки “амалиёти зиддитеррористӣ” идома хоҳад ёфт ва бӯҳрони шарқи Украина ба поён хоҳад расид.
XS
SM
MD
LG