Пайвандҳои дастрасӣ

Боздошти 80 муҳоҷири тоҷик дар Перм ва ихроҷ ба Тоҷикистон


Ҳудуди 80 муҳоҷири тоҷик дар боздоштгоҳи махсуси шаҳри Перми Русия, интизори ҳукми додгоҳ барои ихроҷи онҳо ҳастанд. Бахтиёр Сафаров, як муҳоҷири тоҷик сокини ноҳияи Истаравшан аз боздоштгоҳи махсуси шаҳри Перм рӯзи 29-уми май дар як тамоси телефонӣ ба радиои Озодӣ гуфт, ки дар боздоштгоҳ ҳудуди 80 шаҳвандони тоҷик, ки ҳуҷҷатҳои иқоматашон нуқс доштааст, нигоҳдорӣ мешаванд.
Вай гуфт, ҳар ҳафта додгоҳи маҳаллӣ ҳукми ихроҷи муҳоиронро бо навбат содир мекунад ва онҳо бо маблағи мақомоти Русия бо ҳавопаймо ба Тоҷикистон интиқол меёбанд. Сафаров гуфт, ҳар нафаре, ки ихроҷ мешавад ҳуқуқи панҷсоли вуруд ба қаламрави Русияро аз даст медиҳад ва аз ин хотир ин муҳоҷирон аз ҳоли худ сахт нигаронанд. Бахтиёр Сафаров гуфт, ки дар инҷо нафароне ҳам ҳастанд, ки ҳуҷҷатҳояшон дуруст аст, вале намояндагони сафорат ва ё Хадамоти муҳоҷират аз ҳоли онҳо хабар намегиранд. Як муҳоҷири кории тоҷик, ки зани тотортабор шаҳрванди Русия ва фарзанд дорад барои худ адвокат гирифтааст ва мумкин аст дар ҳафтаи оянда мурофиаи додгоҳии вай сурат гирад. Аммо дар мавриди шароити будубош дар боздоштгоҳи мувақатӣ мегӯяд, ки бо хӯроки севақт ва ҷои хоб таъмин ҳастанд ва вақте ки ба берун барои ҳавогирӣ мераванд дар дастонашон завлона мезананд.
XS
SM
MD
LG