Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Дар Ҳинд се нафар барои таҷовуз боздошт шуданд


Пулиси Ҳиндустон се мардро ба эҳтимоли таҷовуз ба номуси ду нафар хоҳарони хурдсол дар деҳае дар шимоли ин кишвар ва овехтани онҳо дар дарахт боздошт кард. Ду шахси гумонбар кормандони пулис мебошанд.

Сокинони деҳ ҷасади ду духтари овехтаро, ки яке 14 ва дигарӣ 16 сола буданд, 28 май пайдо карданд. Раиси пулиси маҳаллӣ муваққатан аз мақом барканор шудааст, барои он ки баъд аз муроҷиати падару модари духтарон билофсила ба ҷустуҷӯ шуруъ накардаанд.

Ҳамла ба занон ва хушунатҳои ҷинсӣ баъд аз таҷовузи духтаре дар дохили автобус дар Деҳлӣ дар маркази таваҷҷуҳи ҷомеаи Ҳинд қарор дорад. Соли 2012 ин таҷовуз боиси тазоҳуроти густардаи мардумӣ шуд. Баъд аз он Ҳиндустон қонунҳои зидди таҷовузи ҷинсиро шадидтар кард.
XS
SM
MD
LG