Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳукумати Чин барои афзоиши аҳолӣ иҷоза дод


Мақомоти Чин ба нақша гирифтаанд, ки ҳар сол шумораи аҳолии худро 2 миллион нафар афзоиш диҳанд. Солҳои охир Пекин сиёсати “як фарзанд барои як оила”-ро, ки аз солҳои 1970-ӯм ба ин сӯ идома дошт, баррасӣ мекард.

Раиси кумиссиюни беҳдошт ва барномарезии хонаводаӣ 29 май изҳор дошт, ки раҳбарияти Чин мехоҳад мақомоти маҳаллӣ сохтмони иншооти ҳифзи сиҳати модару кӯдакро тавсеа диҳанд ва зоишгоҳҳоро афзоиш диҳанд.

Моҳи ноябри соли гузашта Ҳизби Куммунисти Чин эълон кард, хонаводаҳое, ки падар ё модар фарзанди ягона ҳастанд, метавонанд соҳиби ду фарзанд шаванд. Пештар аз он танҳо хонаводаҳое метавонистанд фарзанди дуввумро ба дунё оранд, ки ҳам падар ва ҳам модар фарзанди ягона мебошанд.
XS
SM
MD
LG