Пайвандҳои дастрасӣ

Талафоти тозаи низомиёни Украина дар шарқи кишвар


Горди Милии Украина мегӯяд, ки талафоти тоза додааст,вале ҷудоихоҳон низ кушта шудаанд. Шаби 28 май ҷудоихоҳон ба маҳали иқомати Горди миллӣ ҳамла бурдаанд. Ин ҳамла дар ҳоле сурат гирифтааст, ки Петр Порошенко-раиси ҷумҳури мунтахаби Украина қавл дод, ки ҳафтаи оянда дар ҷараёни ширкати Владимир Путин дар таҷлили солгарди D-Day дар Фаронса бо вай дар бораи бӯҳрони Украина гуфтугӯ хоҳад кард.

Ҳамзамон дипломатҳои Русия ва Украина 28 май дар бораи хушунатҳо дар шарқи Украина аз якдигар интиқод карданд. Виталий Чуркин-намояндаи Русия дар СММ аз Шӯрои Амният хост, то аз Украина даъват кунад, ки ба “беназмиҳои низомӣ” хотима диҳад.

Юрий Сергеев-намояндаи Украина дар СММ аз Шӯрои Амният хост, то Русия ҳамаи сарбозон ва гурӯҳҳои ниманизомии худро аз қаламрави Украина фаро хонад. Сергеев гуфт, бояд Маскав ба садҳо нафар чеченҳову казакҳо ва зархаридони рус бигӯяд, ки аз қаламрави Украина хориҷ шаванд.
XS
SM
MD
LG