Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Зарбулаҷали пардохти қарзи газ наздик мешавад


Зарбулаҷал барои пардохти қарзи гази Русия ба поёни худ наздик мешавад. Украина бояд ё қарзи худро ба ширкати “Газпром”-и Русия пардохт кунад ё ин ширкат интиқоли газ ба Украинаро қатъ мекунад, ки аз он кишварҳои аврупоӣ низ зарар мебинанд.

Украина бояд то нимашаби 29 май 2 миллиард доллар қарзи худро пардохт кунад, вагарна ҳафтаи оянда Русия интиқоли газро қатъ мекунад. Қарордоди интиқоли газ ба Украина бо миёнҷигарии Иттиҳодияи Аврупо имзо шуда буд.

28 май Владимир Путин-раиси ҷумҳури Русия гуфт, мизони газе, ки Украина пардохт накардааст, аз газе, ки дар як сол Русия ба Полша медиҳад бештар аст. Путин гуфт: “Чунин кор наметавонад беохир идома ёбад”.

Франк-Волтер Штайнмайер-вазири корҳои хориҷаи Олмон 28 май гуфт, сиёсати энержии Русия ва таъминоти он набояд барои Украина мавзӯи муноқишаҳои сиёсӣ шавад.
XS
SM
MD
LG