Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Ҷузъиёти суханронии Барак Обама дар Ню Йорк


Дар як суханронии умда дар бораи сиёсати хориҷӣ, Барак Обама, раиси ҷумҳури Амрико гуфт, терроризм ҳамчун бузургтарин хатар барои Амрико ва ҷаҳон бқӣ мондааст. Ӯ зимни суханронӣ дар Академияи низомии Вест Пойнт дар Ню Йорк аз конгресс хост, барномаи таъсиси бунёди ҳамкории барои муборизаи муштарак алайҳи терроризмро дастгирӣ кунад. Ба гуфтаи Барак Обама, барои тамрину омузиш додан ва тақвияти кишварҳои ҷабҳаи аввал дар ҷанг ба терроризм Иёлоти Муттаҳида барои он бунёд 5 миллиард доллар ихтисос медиҳад. Ӯ ҳамчунин гуфт:
"Дар ҳоли зарурат ва дар сурати тақозои манофеъи бунёдии мо, дар ҳоли таҳдид ба мардуми мо, дар ҳоли таҳдид ба шеваи зиндагии мо ва ё дар сурати таҳдид ба амнияти мову муттаҳидони мо, Амрико якҷониба аз нерӯи низомӣ истифода хоҳад кард." Вале гуфт, Барак Обама истифода аз нерӯ бояд оқилона бошад. Ба гуфтаи ӯ, “Ба маҳзи он ки мо беҳтарин болғаро дорем, набояд ҳар мушкилро бо кӯфтани мех ҳал кунем”. Раиси ҷумҳури Амрико афзуд, ки маҳз ба раҳбарии Иёлоти Муттаҳида ҷаҳониён ҳамовоз шуда ва амалкардҳои Русия дар Украинаро маҳкум карданд. Барак Обама дар идомаи сӯҳбаташ гуфт, бори нахуст дар як даҳсолаи ахир шанси воқеии созиш дар бораи барномаҳои баҳсбарангези атомии Эрон ба вуҷуд омадааст, ки ҳадафи он монеъ шудан ба дастёбии Ҷумҳурии Исломӣ ба бомби атомист.
XS
SM
MD
LG