Пайвандҳои дастрасӣ

Обама дар бораи бунёди нав эълон медиҳад


Ҷон Керрӣ, вазири умури хориҷии Амрико гуфт, кишвараш барои кӯмак ба кишварҳои дигар дар амри мубориза бо терроризм ва тундгароӣ 5 миллиард доллар ихтисос медиҳад. Ҷон Керрӣ рӯзи 27-уми май дар мусоҳиба бо як телевизиони амрикоӣ гуфт, ки раиси ҷумҳур Барак Обама рӯзи 28-уми май дар суханронӣ дар Академияи низомии Амрико дар Ню Йорк дар бораи таъсиси бунёди муборизаи муштарак бо терроризм эълон медиҳад. Пештар аз ин Барак Обама гуфт, ки то замони поён ёфтани аҳди раёсати ҷумҳуриаш нерӯҳои Амрикоро аз Афғонистон ба тамом хориҷ мекунад. Ҷон Керрӣ гуфт, маблағҳои сарфаҷӯишуда аз ин ҳисоб метавонад, барои мубориза бо терроризм дар дигар гӯшаҳои ҷаҳон истифода шавад. Ба қавли Ҷон Керрӣ, сиёсати хориҷии Амрико бояд ба “ҷаҳони башиддат дар ҳоли тағйир ва печидатар, ки тероризм як таҳдиди усулии он аст, мутобиқ карда шавад.”
XS
SM
MD
LG