Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

"Талоши табаддулоти мусаллаҳона" дар Абхозистон


Александр Анкваб, раҳбари амалии Абхозистон ишғоли бинои раёсати ҷумҳур аз тарафи мухолифонро “талоши табадуллоти мусаллаҳона” унвон кард.

Аммо ӯ дар ҳоле, ки субҳи рӯзи 28-уми май аз тариқи телевизион сӯҳбат мекард гуфт, ки ҳоло низ шанси бозгардонидани вазъият ба чаҳорчуби қонун аз даст нарафтааст. Александр Анкваб макони будубоши худро ошкор накард ва танҳо гуфт, ки аз Абхозистон берун нарафтааст.

“Гурӯҳи бузурги одамон, бо шумули афроди мусаллаҳ, ба телевизиони Абхозистон ҳозир шуданд ва онро амалан ишғол карданд. Албатта амниятиҳо метавонистан аз чораҳои муносиб кор бигиранд, аммо аз касе пӯшида нест, ки ин чӣ оқибате медошт. Ин ба маъноест, ки ҳанӯз ҳам шонси бозгардонидани авзо ба чаҳорчӯби қонун вуҷуд дорад”- гуфт раҳбари амалии Абхозистон

Рӯзи 27-уми май тазоҳургарон баъди намоиши эътирозии пурҷамъият ба биное, ки дафтари Анкваб дар он ҷойгир буд, ҳуҷум карданд. Анкваб ба талаби тазоҳургарон ҷиҳати истеъфои ҳукуматаш розӣ шуд, аммо намоишҳои эътирозӣ идома ёфтанд ва ҷамъомадаҳо истеъфои худи ӯро талаб карданд.
Александр Анкваб, раҳбари амалии Абхозистон
Александр Анкваб, раҳбари амалии Абхозистон
Александ Анкваб дар ҳоле маҷбур шуд аз бино фирор кунад, ки тазоҳургарон бо ҳуҷум ба он ворид шуданд. Бинобар хабарҳои тасдиқношуда, Александр Анкваб дертар Сухумиро тарк кард ва ба зодгоҳаш Гудаута паноҳ бурд.
​Мухолифин дар Абхозистон Анквабро ба худкомагӣ муттаҳам карда, талаби ислоҳотро матраҳ кардаанд. Раул Ҳадҷимба-яке аз сарварони мухолифин, рӯзи 27 май зимни муроҷиат ба иштирокдорони тазоҳурот гуфт, ки оппозитсия зимоми қудратро муваққатан ба даст мегирад. Мухолифин рӯзи 28-уми май низ бинои маъмурияти раёсати ҷуҳмурро таҳти назорат доштанд. Бинобар ба ҷаласа ҳозир нашудани бахши умдаи намояндагони мардумӣ, порлумони Абхозистон натавонист ҷаласаи фавқулодда баргузор кунад.

Бо ин ҳол вазорати умури хориҷии Русия аз ташаннуҷи авзо дар Абхозистон изҳори нигаронӣ кард ва ноиби вазири хориҷӣ Григорий Карасин бо ҳамтои абхози худ сӯҳбат анҷом дод. Ба гуфтаи як мақоми баландпояии амниятии Абхозистон, қарор аст Владислав Сурков, масъули равобити Маскав бо Абхозистон ва манотиқи ҷудошудаи Гурҷистон ва фиристодаи раиси ҷумҳури Русия Владимир Путин бегоҳи рӯзи 28- уми май ба Сухуми сафар кунад. Ин манбаъ мегӯяд, Сурковро дар ин сафар Рашид Нургалиев, ноиби раиси шӯрои амнияти Русия ҳамроҳӣ мекунад.

Абхозистон ва Осетияи Ҷанубӣ, ду минтақаи ҷудоиталаби Гурҷистонро танҳо Русия ва як мушт давлати дигар ҳамчун қаламрави мустақил ба расмият шинохтаанд. Гурҷистон ин ду минтақаро бо пофишорӣ бахше аз қаламрави худ медонад.
XS
SM
MD
LG