Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Ҷавони қазоқ барои даъват ба ҷиҳод зиндонӣ шуд


Додгоҳе дар шаҳри Алмаатои Қазоқистон як ҷавони 29-соларо бо иттиҳоми терроризм ва даъват барои ҷанг дар Сурия ба зиндон маҳкум кард. Додгоҳ рӯзи 27-уми май Комил Абдулинро ба тарғиботи терроризм, узвият дар гурӯҳи террористӣ ва барангехтани адовати мазҳабӣ гунаҳкор донист ва ба 7 соли зиндон маҳкум кард. Моҳи марти соли равон ду сокини шаҳри Экибастузи Қазоқистон барои ширкат дар ҷангҳои Сурия бо баҳонаи ҷиҳод ба зиндон маҳкум шуданд. Бовар меравад, садҳо нафар аз ҷавонони кишварҳои Осиёи Марказӣ аз ҷумла Тоҷикистон дар сафи шӯришиён алайҳи ҳукумати Башор Асад дар Сурия меҷанганд.
XS
SM
MD
LG