Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Муноқиша дар Қаробоғи кӯҳӣ 4 нафарро кушт


Бино ба гузоришҳо, дар муноқишаи марзӣ миёни арманиву озариҳо дар минтақаи ҷудоихоҳи Қаробоғи кӯҳӣ ду афсар ва як сарбози озарӣ кушта шудаанд. Вазорати дифои Озарбойҷон, рӯзи 28-уми май бо нашри баёнияе гуфт, “иғвогарони арманӣ” ба мавзеъи нерӯҳои озарӣ дар ноҳияи Физулӣ ҳамла карданд ва ду афсару як сарбози онҳоро куштанд. Вале мақомоти Кӯҳистони Қаробоғ гуфтанд, як сарбози арманӣ ҳангоми муқовимат ба “иғвогарони” озарӣ, ки мехост, ба қаламрави таҳти назорати онҳо ворид шаванд, кушта шуд. Ҳафтаи гузашта мақомоти Куҳистони Қаробоғ як вилояти ҷудоихоҳи Озарбойҷон нерӯҳои озариро ба қатли як сарбози арманӣ муттаҳам карданд, ҳарчанд Боку гуфт, ки дар ин тирандозӣ се сарбози озарӣ низ ҷароҳат бардоштаанд. Даъвои ҷудоихоҳии сокинони вилояти арманишини Қаробоғи кӯҳӣ соли 1990 сабаби ҷанги арманиву озариҳо барои вилоят шуд ва ин муноқиша то кунун ҳал нашудааст.
XS
SM
MD
LG