Пайвандҳои дастрасӣ

Анкваб тазоҳуроти Абхозистонро табаддулот номид


Александр Анкваб, раиси ҷумҳури Абхозистон, як минтақаи ҷудоихоҳи Гурҷистон ишғоли қароргоҳи раёсати ҷумҳурӣ дар шаҳри Сухумиро “талоши табадуллоти мусаллаҳонаи давлатӣ” хонд. Ӯ рӯзи 28-уми май дар мусоҳиба бо телевизиони Абхозистон гуфт, ки “ҳанӯз ҳам шанси бозгардони авзоъ ба чаҳорчӯби қонунӣ вуҷуд дорад.” Александр Анкваб, афзуд, ки худаш дар Абхозистон аст, вале маҳалли иқоматашро ошкор накард. Ба қавли ӯ, “гурӯҳи зиёде аз мардум, ки баъзеашон мусаллаҳ буданд, телевизиони давлатии Абхозистонро” ишғол карданд. Рӯзи 27-уми май чанд ҳазор нафар дар назди қароргоҳи раёсати ҷумҳурӣ тазоҳурот ва сипас онро ишғол карданд. Александр Анкваб талаби тазоҳургарон барои истеъфои ҳукуматро пазируфт, аммо гуфт, ки худаш истеъфо намедиҳад. Абхозистон ва Осетияи Ҷанубӣ ду минтақаи ҷудоихоҳи Гурҷистон худро кишвари мустақил эълон кардаанд, вале ба ғайр аз Русия чанд кишвари дигар онҳоро касе ба расмият намешиносад.
XS
SM
MD
LG