Пайвандҳои дастрасӣ

Аврупо гуфт, аз Порошенко ҳимоят мекунад


Иттиҳодияи Аврупо дигарбора эълон кард, ки аз Петро Порошенко, раиси ҷумҳури тозаинтихоби Украина, ҳимоят мекунад. Рӯзи 27-уми май баъд аз нишасти сарони кишварҳои узви иттиҳодия дар Брюссел Хосе Мануэл Бароссо, раиси Кумиссиёни Аврупо, Иттиҳодияи Аврупо дар канори “раҳбари мунтахаби Украина” аст. Ба гуфтаи ӯ, дар нишаст дар бораи ислоҳоти сиёсӣ, кӯмаки молӣ ба иқтисоди бемори Украина ва тақвияти кор барои таъмини муназзами энержӣ дар Украина ва Иттиҳодияи Аврупо гуфтугӯ карданд, ки ҳарду пойбанди гази Русия ҳастанд. Хосе Мануэл Бароссо афзуд, ки дар ҳоле ки нерӯҳои Украина дар шарқи кишвар бар зидди ҷудоихоҳони тарафдори Русия меҷанганд, Иттиҳодияи Аврупо кӯмакро барои тақвияти “истодагариии Украина ба фишори берунӣ” идома медиҳад.
XS
SM
MD
LG