Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳазорон сарбози амрикоӣ дар Афғонистон мемонанд


Барак Обама, раиси ҷумҳури Амрико, гуфт, ки пас аз соли 2014-ум 9800 сарбози кишвараш дар Афғонистон мемонанд. Ӯ рӯзи 27-уми май дар Вашингтон гуфт, “Сар аз соли оянда афғонҳо ба пуррагӣ таъмини амният дар кишварашонро бар ӯҳда мегиранд. Сарбозони амрикоӣ нақши мушовирро иҷро мекунанд.” Вазифаи нерӯҳои Амрико тамрини сарбозони афғон ва иҷрои амалиёт алайҳи Ал-қоида хоҳад буд. Ба гуфтаи Барак Обама, то соли 2015 нисфе аз 9800 сарбози Амрико Афғонистонро тарк мекунанд ва то поёни соли 2016 танҳо теъдоди ками онҳо барои таъмини амнияти сафорати Иёлоти Муттаҳида дар Кобул мемонанд. Аммо нерӯҳои Амрико ба шарте дар Афғонистон хоҳанд буд, ки Созишномаи дуҷонибаи амниятӣ миёни ду тараф имзо шавад. Ҳомиди Карзай, раиси ҷумҳури Афғонистон аз имзои ин санад худдорӣ кард, вале ду номзад ба мақоми раиси ҷумҳур гуфтаанд, ки дар сурати пирӯзӣ созишномаро имзо мекунанд.
XS
SM
MD
LG