Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

600 ҳазор сомонии Э. Раҳмон ба бонувони сохторҳои қудратӣ


Раиси ҷумҳури Тоҷикистон аз Фонди захиравии худ ба бонувони сохторҳои қудратии кишвар, ки рӯзи 26 май дар гузашти низомӣ ба муносибати 20-умин солгарди таъсисёбии нерӯҳои марзбонии кишвар, ширкат доштанд, 600 ҳазор сомонӣ ҷудо намудааст. Тибқи иттилои хабаргузории давлатии «Ховар», ин тасмимро раиси ҷумҳури Тоҷикистон рӯзи 27 май дар поёни як маҳфил ба ин муносибат, ки дар Кохи Ваҳдат доир шуд эълон намудааст. Ҳамакунун ба ҳар яке аз бонувони иштироккунанда дар гашти гузашти низомии рӯзи 26 май, маблағи 1000 сомонӣ, баробар ба 200 доллар тақдим карда мешавад. Дар гузашти низомӣ бахшида ба 20-умин солгарди нерӯҳои марзбонии Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон, ки рӯзи 26 май дар майдони «Дӯстӣ»(«Озодӣ»-и қаблӣ) баргузор шуд, 10 ҳазор нафар сарбозу афсар ширкат доштанд, ки 600 нафари онҳоро бонувон ташкил медоданд.
XS
SM
MD
LG