Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Тоҷикистон "коктейли молотов"-ро силоҳи оташфишон эълон мекунад


Вакилони кумитаҳои парлумони Тоҷикистон дар нишасти Шӯрои МН масъалаи ба ҷавобгарии ҷиноятӣ кашидани истифодабарандагони «коктейли молотов» ё худ маҳлулҳои оташангезро баррасӣ карданд. Маҷлиси намояндагон рӯзи 28 май бо тасдиқи ин хабар гуфт, ки дар нишасти Шӯрои Маҷлиси Намояндагон масъалаи баҳои ҳуқуқӣ додан ва ба ҷавобгарии ҷиноятӣ кашидани истифодабарандагони «коктейли молотов» баррасӣ шуд. Вакилони кумитаи амният ва дифои Маҷлиси Намояндагон пешниҳод карданд, ки дар сурати даст задан, яъне истифода намудани маҳлулҳои оташангез дар тазоҳуротҳо, гирдиҳамоиҳо, ҷойҳои ҷамъшавии оммавии одамон истифода мебаранд, ҳамчун истифодабарандагони ғайриқонунии силоҳи оташфишон шинохта шавад. Ва дар айни замон ба кормандони умури дохила ҳуқуқ дода мешавад, алайҳи афроде, ки аз маҳлули оташангез истифода мекунанд, тирандозӣ намоянд. Тавре намояндагони порлумон мегуянд, нисбат ба ин категорияи шахсон, яъне истифодабарандагони «коктейли молотов» ё худ маҳлулҳои оташангез, тибқи талаботи қонун аз яроқи оташфишон истифода мешавад.
XS
SM
MD
LG