Пайвандҳои дастрасӣ

Путин хостори қатъи амалиёт дар шарқи Украина шуд


Владимир Путин

Владимир Путин

Владимир Путин-раиси ҷумҳури Русия даъват кард, ки ҳукумати Украина ба амалиёти ба қавли худаш “саркӯбгарона”-и низомӣ дар шарқи Украина хотима диҳад. Бино ба гузоришҳо, дар давоми як рӯз дар даргириҳои шаҳри Донетск даҳҳо нафар кушта шудаанд.

Арсен Аваков-вазири корҳои дохилаи Украина 27 май гуфт, ҳоло назорат бар фурудгоҳи шаҳри Донетск пурра ба дасти нируҳои ҳукуматӣ даромадааст. Як рӯз пеш ҷудоихоҳон талош карданд ин фурудгоҳро дар ихтиёри худ бигиранд.

Дар бораи шумораи кушташудагон маълумоти дақиқ дода намешавад, вале ҷудоихоҳон мегӯянд, ки аз 30 то 100 нафар ҷудоихоҳон кушта шудаанд. Шаҳрдори Донетск мегӯяд, ки 40 нафар кушта шудаанд, ки ду нафари онҳо аҳолии маҳаллӣ будаанд.

Арсен Аваков мегӯяд, ки аз нируҳои ҳукуматӣ касе кушта нашудааст. Петро Порошенко-раиси ҷумҳури мунтахаби Украина мегӯяд, ки мехоҳад бо Маскав роҳҳои ҳали бӯҳрони Украинаро баррасӣ кунад, вале Сергей Лавров-вазири корҳои хориҷаи Русия гуфт, ки ҳеҷ гуна сафари Порошенко ба Маскав дар ҳоли баррасӣ нест.
XS
SM
MD
LG