Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Блогнависи озар 5,5 сол маҳкум ба зиндон шуд


Абдул Абилов
Абдул Абилов
Додгоҳи Боку Абдул Абилов-блогнависи мухолифи давлати Озарбойҷонро ба 5,5 соли зиндон маҳкум кард. Холид Боғиров-вакили мудофеи Абилов ба радиои Озодӣ гуфт, ки Абиловро барои бо худ доштани маводи мухаддир муттаҳам кардаанд, вале ин ҳукм воқеият надорад.

Абилов 31 сол дорад ва бо мақолаҳои интиқодии худ аз ҳукумат ном баровардааст. Вай моҳи ноябри соли 2013 боздошт шуда буд.

Ҳукми додгоҳ барои Абилов дар ҳоле содир шуд, ки як рӯз пеш Анвар Мамадлӣ-раиси ниҳоди назорат бар интихобот ва ду нафар аз ҳамкоронаш барои пардохт накардани молиёт ё андоз, барои фаъолиятҳои ғайриқонунии соҳибкорӣ ва тақаллуб дар натиҷаҳои интихобот гунаҳгор дониста шуда буданд.
XS
SM
MD
LG