Пайвандҳои дастрасӣ

Мулоқот дар ҲНИТ бо вакилон, дипломатҳо ва коршиносони Бритониё


Имрӯз дар шаҳри Душанбе мулоқоти раҳбарияи Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон бо намояндагони парлумони Бритониё ва дипломатҳои он кишвар дар Душанбе баргузор шуд. Тибқи иттилои дафтари матбуоти ҲНИТ, дар ин мулоқот, ки дар қароргоҳи ҲНИТ доир шуд Саидумар Ҳусайнӣ, муовини аввали раиси ин ҳизб бо Вимйен Стерн, намояндаи парлумони Бритониё ва Ричард Вуд, муовини сафири он кишвар дар Тоҷикистон рӯи масоили вобаста ба амнияти кишвар ва минтақа, фаъолияти парлумони Тоҷикистон, эҷоди робита миёни парлумонҳои ду кишвар ва фишору таъқиб аъзову ҷонибдорони он баҳс кардаанд. Ҳамчунин имрӯз Маҳмадалӣ Ҳайит, муовини раиси ҲНИТ дар маркази ҳизб хонум Аннет Бор - пажӯҳишгари масоили Русия ва Авруосие дар Институти шоҳигарии Бритониӣ оид ба умури байналмилалӣ ва Бенчамин Рар - мудири иҷроияи муассисаи гузоришӣ ва машваратии "BVR"-и кишвари мазкурро ба ҳузур пазируфт. Дар вохӯрӣ роҷеь ба хуруҷи нерӯҳои НАТО аз Афгонистон ва таьсири ин раванд ба кишварҳои минтақа, вазьи сиёсӣ, иқтисодӣ ва иҷтимоии кишвар, дурнамои муносиботи кишварҳои ғарбӣ бо Тоҷикистон, интихоботи парлумонии соли 2015, шеваҳои мубориза бо радикализми диниву дунявӣ ва масоили дигар баҳс сурат гирифт.
XS
SM
MD
LG